Занги Эмомалӣ Раҳмон ба Нурсултон Назарбоев

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳурон дар ҷараёни сӯҳбат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро дар чорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди муҳокима қарор доданд.

"Дар ин зимн ҷонибҳо ҳамчунин атрофи доираи васеи мавзӯъҳои мубрами дорои хислати байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, дар нимаи аввали моҳи июни соли равон дар пойтахти Тоҷикистон нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) доир мегардад, ки дар он сарони кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Исроил, Камбоҷа, Чин, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Тайиланд ва Туркия иштирок мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала