Соли 2018 дар Тоҷикистон кӣ чӣ қадар аз хориҷа грант гирифт?

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон ҳаҷми грантҳои хориҷиеро, ки соли 2018 ба ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ дода шудаанд, ҳудуди 750 миллион сомонӣ гуфт

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Вазири аддлияи Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, грантҳоро 1 ҳазору 718 созмони ғайриҳукуматӣ гирифтаанд.

Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қурби рубл ва доллар дар Тоҷикистон боло рафт

Ба ҳисоби ироакардаи вазир грантҳо бо асъори гуногун -  тақрибан ба маблағи 58 миллион доллар, ҳудуди 8 миллион евро, 8 миллион рубл, 2,5 миллион фунт стерлинг, 6,5 миллион франки швейтсарӣ ва 78 миллион сомонӣ ироа шудаанд.

Рустам Шоҳмурод гуфт,  грантҳоро асосан созмонҳое гирифтаанд, ки дар бахши ҳимояи ҳуқуқи инсон ва иҷтимоӣ фаъолият мекунанд.

Вазир теъдоди умумии созмонҳои ҷамъиятиро, ки феълан дар кишвар сабт шудаанд, беш аз 2,5 ҳазор адад гуфт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала