Коршинос: эҳтимоли вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё бузург нест

© Из личного архива Евгения Войко
Евгения Войко - Sputnik Тоҷикистон
Коршиноси рус Евгения Войко эҳтимоли воридшавии Тоҷикистонро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешбинӣ кард

Ба гуфтаи Войко, масъалаи вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё то ҳол баррасӣ мешавад.

Войко: вероятность вступления Таджикистана в ЕАЭС не высокая

"Тоҷикистон аз лиҳози назария метавонад вориди иттиҳод шавад. Аммо, феълан эҳтимоли шомилшавияш бузург нест. Зеро то ҳол роҳбарияти кишвар афзалияти узвият ба Иттиҳоди АвруОсиёро барои худ муайян накардаанд", - гуфт вай ба Sputnik Тоҷикистон.

Войко таъкид дошт, ки яке аз бартариятҳои шомилшавии Тоҷикистон ба иттиҳод, осон шудани кори муҳоҷирон дар Қазоқистону Русия мешавад.

"Яъне, ташкили бозори ягонаи кор. Бештар аз ҳама дар Русия, ки шумораи муҳоҷирони тоҷик зиёд аст", - тавзеҳ дод вай.

Войко афзуд, ки Тоҷикистон пеш аз узвият метавонад мисли Молдова нозир шавад.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти комиссияи иқтисодии АвруОсиё нақша надорад, ки ҳайъати иттиҳодро васеъ кунад, афзуд вай.

"Феълан вазифаи таҳкими ҳамгироӣ, ҳалли мушкилиҳое, ки дар соли 2018 ҳал нашуданд, масъалан бардоштани андозҳои гумрукӣ, ҳалли масоили нафту газ ва ҳамлу нақл  баррасӣ мешаванд", - гуфт вай.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала