Кумитаи ҳифзи муҳити зист: барои талаф наёфтани Марко Поло ба шикори он иҷозат додем

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкГорные бараны
Горные бараны - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи кумита, бо вуҷуди иҷозати шикори гусфанди нодир шумораи он дар Тоҷикистон сол то сол зиёд мегардад

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои талаф наёфтани гӯсфанди Марко Поло ё архар ба шикори он иҷозат медиҳанд, гуфтааст Абдуқодир Маскаев,  сардори шуъбаи истифодаи ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусоҳоиба бо расонаҳои расмии кишвар.

Ба гуфтаи вай, " вақте ки соли Марко Поло калон мешавад, он ҳатман тӯъмаи гург ё бабри барфӣ мегардад. Аз ин рӯ бо мақсади талаф наёфтани Марко Поло ҳамасола миқдори муайяни он барои шикор иҷозат дода мешавад".

Ба иттилои кумита, имсол Тоҷикистон барои шикори 95 сар Марко Полои аз 8-сола боло, квота ҷудо кардааст, ки 0,3 дар сади шумораи умумии онро ташкил медиҳад.

Ин гусфанди нодир аз 10 то 13 сол умр мебинад.

Маскаев афзудааст, сол то сол кишвар шумораи архарро зиёд мекунад.

"Бояд гуфт, ки то истиқлолияти ҷумҳурӣ шумораи Марко Поло тақрибан 12 ҳазор сарро ташкил менамуд. Соли 2015 шумораи Марко Поло ба 20-22 ҳазор расонида шуд. Ҳар сол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори гӯсфанди Марко Поло меъёр ҷудо мекунад", - таъкид доштааст вай.

Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 нархи шикори як Марко Поло 55 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва асосан сайёҳони хориҷӣ ин квотаҳоро харидорӣ мекунанд.

Соли 2018 2 шикори ғайриқонунии гӯсфанди Марко Поло аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб ба қайд гирифта шуда, айни ҳол дар баррасии судҳо қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0