Палатаи ҳисоби Тоҷикистон норасоии 42 миллион долларро дар корхонаҳои давлатӣ ошкор кард

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Счетной палаты РТ. Архивное фото
Здание Счетной палаты РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соли 2018 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар пайи 338 санҷиши аудиторӣ норасоии 396 миллион сомонӣ ва ё 42 млн. долларро ошкор кард

ДУШАНБЕ, 31 янв - Sputnik. Дар рафти санҷиши корхонаҳои буҷавӣ дар соли 2018 Палатаи Ҳисоби Тоҷикистон ошкор кард, ки зарари молӣ 396 миллион сомонӣ  ва ё 42 миллион долларро ташкил мекунад, гуфт роҳбари ин ниҳод Қарахон Чиллазода.

Дар соли 2018 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҳамагӣ 338 санҷиши аудиторӣ гузаронидааст. Дар ҷараёни санҷиш муайян гардидааст, ки хороҷоти ғайриқонунӣ – 21,3 миллион сомонӣ, норасои ва бе асос аз қайд баровардан – 81,8 млн. сомонӣ, пасткунӣ ва камкунии андозҳо – 23,7 млн. сомонӣ, анҷоми ҳаҷми таъмир ва сохтумон – 20,2 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ – 1,9 млн. сомонӣ, напардохтанти ҳақи саҳмияҳо ба ҳиссаи давлатӣ – 514 ҳазор сомониро ашкил намудаанд.   

Ба гуфтаи Чиллазода дар натичаи қабул кардани чораҳои лозима ба миқдори 289,5 миллион сомонӣ дар корхонаҳо ва буҷа барқарор шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли 2017 Палатаи ҳисоб норасоии 75,7 миллион сомонӣ ва ё 8,5 миллион долларро, ки аз тарафи кормандони давлати ба таври маккорона аз худ карда шуда буданд ошкор намуда буд. Дар ҷараёни тафтишот маълум гардид, ки 5,8 миллион сомонӣ ба таври ғайриқонуни сарф шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0