Ҳушдори Зувайдзода: 1 моҳ муҳлат, вагарна нозирони БДА-ро аз Душанбе мебардорем

© Sputnik / Амир ИсаевАвтомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото
Автомашина ГАИ Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали раиси шаҳри Душанбе ба масъулин ва нозирони роҳ барои бартарафсозии барзиёд бор кардани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт як моҳ муҳлат дод

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ масъалаи барзиёд бор кардани мусофирон дар нақлиёт ба миён гузошта шуда, таъкид гардид, ки нозирони роҳ мебинанд, ронанда 25 то 40 нафарро бор кардааст, аммо мераванд “даст ба даст” мекунанду бо ҳамин боз роҳашро давом медиҳад.

Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи шаҳрдорӣ: чаро мансабдорони Душанбе барои журналистон дастнорасанд?

Аз Зувайдзода суол шуд, ки чунин муросокории нозирони роҳ бо ронандагоне, ки қоидаҳои мусофирбариро нақз мекунанд, то кай идома хоҳад ёфт?

Маҳмадсаид Зувайдзода дар посух Фирдавс Саидзода, ноиби шаҳрдор дар умури нақлиёт ва масъулини нозирони роҳро муваззаф кард, намояндагони ҷамъиятҳоеро, ки дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғуланд, ҷамъ оранд ва масъаларо ба онҳо фаҳмонанд.

Ноиби аввали шаҳрдори Душанбе ба масъулин  ҳушдор дод, модоме, ки масъала ҷой дораду онҳо аз уҳдаи ҳал намебароянд, боқимондаи нозирони БДА низ аз роҳҳои пойтахт бардошта мешаванд.

“Расо як моҳ муҳлат. Ҳамин масъаларо аз байн гум кунед. Набошад, мондагӣ нозирони БДА-ро аз қаламрави Душанбе мебардорем”, - ҳушдор дод Зувайдзода.

Ин дастур дар ҳолест, ки аз меъёр зиёд бор кардани мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт хеле густурда шудааст. Бисёри ронандагон одатан дар чунин ҳолатҳо мегӯянд, касеро маҷбур намекунанд, аммо мусофирон мегӯянд, ночоранд савори мошинҳои пур шаванд, чун дар акси ҳол дер мемонанд.

Лентаи хабарҳо
0