Бо ман шӯхӣ намекунӣ: хашми корбарон аз домоде, ки арӯсро дар тӯй як торсакӣ зад

Обуна шудан
Домод арӯсро барои як шӯхии ночизе дар тӯй як шаппотӣ мезанад. Корбарон ин кирдори домодро, ки дар назари омма сурат гирифтааст, сахт интиқод кардаанд. Бархе аз духтарон навиштаанд, "агар ба ҷои арӯс мешудам, аз тӯй даст мекашидам"

Дар интернет навори тӯйи арӯсии як ҷавону духтаре, ки зоҳиран сокинони Узбакистонанд, чарх мезанад. Дар он лаҳзаи ширинихӯронии домод ба арӯс ва арӯс ба домод намоиш дода мешавад.

Тавре дар навор дида мешавад, аввал домод ба арӯс бо даст торт мехӯронад. Тибқи анъана ҳамин амалро бояд арӯс низ иҷро мекард.

Аммо шояд, ба он хотир ки сари арӯс хам буд, вай аввал дасташро назди даҳони домод мебараду бармегардонад. Вай дубора тортро ба даҳони домод андохтанӣ мешавад, ки ғайриинтизор ҷавон ӯро як торсокӣ мезанад. Духтар аз шиддати ин калтак қариб ба замин меафтад.

Дар ҳамин ҳол зуд дӯстон ва наздикони домод ӯро иҳота мекунанд ва зоҳиран барои ин амалаш сарзаниш ё насиҳат  менамоянд. Духтар лаҳзае дар даст торт ҳайрон мемонад, сипас шириниро ба лаълӣ мегузарод.

Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши шадиди корбаронро ба бор овардааст. Қариб ҳамаи корбарон ҷавонро сарзаниш мекунанд. Бархе аз духтарон навиштаанд, ки "агар ба ҷои арӯс мешудам, аз тӯй даст мекашидам".

Ёдрас мешавем, чунин наворҳо пештар низ мунташир шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0