Сокинони як ноҳияи шаҳри Душанбе бебарқ мемонад

© PixabayСпичка, архивное фото
Спичка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино бар корҳои таъмирӣ дар дар як қисми кӯчаҳои ноҳияи Шоҳмансур интиқоли барқ муваққатан қатъ мегардад

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Бо сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ имрӯз, 1 феврал аз соати 09:00 то 16:00 дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияи Шоҳмансур интиқоли барқ  муваққатан қатъ карда мешавад, иттилоъ медиҳад хабаргузории  "Ховар".

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар кӯчаҳои Гастелло, Есенин, Айнӣ ва маҳаллаи 192-юми ноҳияи мазкур интиқоли барқ маҳдуд карда мешавад.

"Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда интиқол дода мешавад", -менависад манбаъ дар истинод ба "Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе".

Ёдрас мешавем, пештар муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода

натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли 2018 ба рӯзноманигорон гузориш дода буд.

ба гуфтаи вай,  ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр ба 13,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2017 7,3 фоиз зиёд мебошад.

Манбаъ афзудааст, аз ҷониби корхонаҳои шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоизро ташкил намуд.

Дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 14,8 миллион сомонӣ ё 2 маротиба, саноати коркард 1,5 миллиард сомонӣ ё 16 фоиз, истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 724 миллион сомонӣ ё 9 фоиз зиёд гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0