Мактабҳои русӣ баъди 2 сол дар 5 шаҳри Тоҷикистон бунёд мегарданд

© © Sputnik / Михаил ПалинчакПодпись документов
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо ба имзо расидани лоиҳаи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, Русия ба бунёди онҳо оғоз мекунанд

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Лоиҳаи бунёди 5 мактаб дар Тоҷикистон аз ҳисоби Русия тайёр карда шуда, барои тасдиқ ба Русия пешниҳод шудааст, гуфт ноиби аввали Вазири маориф ва илми кишвар Раҳматулло Мирбобоев.

“Лоиҳаи бунёди 5 мактаби Русия дар Тоҷикистон аз тарафи мутасаддиёни тоҷик коркард шуда барои тасдиқ ба Русия пешниҳод шудааст. Бо ба имзо расидани қарори ин лоиҳа тарафи Русия ба бунёди онҳо оғоз мекунад”, - гуфт Мирбобоев.

Ба гуфтаи ноиби вазир ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода  сохта мешаванд.

“Алакай барои сохтмони ин мактабҳо, ки бояд то 1-уми сентябри соли 2021 ба истифода дода шаванд замин ҷудо шудааст. Ҳамаи муассисаҳои омӯзиши бо лавозимотҳои замонавӣ таҷҳизонида мешаванд”, - илова кардааст вай.

Ӯ таъкид кардааст, ки соли гузашта аз ҷониби Русия ба Тоҷикистон 60 ҳазор китобҳои дарсӣ тақдим карда буд.

“Китобҳои навро на танҳо 31 мактаби русии кишвар, балки мактабҳои тоҷикие, ки дар онҳо фанни забони русӣ омӯзонида мешвад дастрас карданд. Ҳамчунин ба Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, низ аз ин шумор 400 адад китобҳои дарсӣ барои омӯзиши донишҷӯёне, ихтисосҳои омӯзгорӣ, тақдим шуда буд”, - гуфт Мирбобоев.

Вай инчунин иброз доштааст, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Русия дарсхости стандартсозии китобҳои дарсиро барои хонандагони мактабҳои русии дар ҷумҳурӣ қарор дошта  пешниҳод кардааст.  “Барои ҳамин дар вазорат қарор дар бораи тарҷума намудани китобҳои дарсӣ аз забони тоҷикӣ ба забони русӣ қабул гардид, то ки хонандагони мактабҳои русии кишвар, аз ин қаноатманд бошанд”, - илова кард ӯ.

 

Лентаи хабарҳо
0