Вазири ҷабрдида аз дағалии ронандаи мусофирбар: чӣ карду ба дигарон чӣ маслиҳат медиҳад?

© Фото : Мин.транспорта РТМинистр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото
Министр транспорта Худоёр Худоёров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон амали ронандаҳои мусофирбареро, ки аз мусофирон барои борхалтаашон маблағ талаб мекунанд, ғайриқонунӣ хонд

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Худоёрзода, ки худашро низ дар гузашта як ронандаи мусофирбари “тангем” ғайриқонунӣ дар нимароҳ фаровардааст,  ҳафтаи равон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз мусофирон даъват кард, ки нисбати нақзи ҳуқуқҳояшон аз тарафи ронандаҳо бетараф набошанд.  Вазири нақлиёт гуфт, замони шӯравӣ нафареро, ки дар нақлиёт ҳуқуқи мусофиронро поймол мекард, ҳамакаса дар ҷояш “мешинонданд”.

Жители Душанбе убирают снег после снегопада, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдор аз хатарҳои ҳафтаи оянда ва номусоидии ҳаво аз Душанбе то Мурғоб

“Рақами ҳамон мошинро гирифта, даррав ба мақомоти босалоҳият занг занед. Бетарафӣ накунед. Дар давраи шӯравӣ чунин муносибатҳо дар дохили нақлиёти истифодаи умум набуд. Зеро мусофирон бетараф набуданд, агар касе ҳуқуқашонро поймол карданӣ мешуд, ҳамакаса ӯро дар ҷояш “мешинонданд”. Бетарафӣ теша бар реша задан аст”, - таъкид намуд вазири нақлиёт.

Ӯ гуфт, дар дохили ҳар мошини мусофирбар рақами телефонҳои боварӣ навишта шудаанд ва мусофирон дар вақти зарурат метавонанд аз сардорони раёсатҳо то мувонинону худи вазир муроҷиат кунанд.

“Шумо ба ин ҳақ доред. Ҳоло дар тамоми муассисаҳою ширкатҳои мусофирбар бо ронандагон дарсҳои таълими муносибати нарм ба мусофирон, яъне этикаи хидматрасонӣ дарсҳои омӯзишӣ мегузаранд. Ҳар рӯзи шанбе аз соати 8 то 12 дар “Душанбенақлиётхадамотрасон” ҷаласаи санҷидани арзу шикоятҳои мусофирон гузаронида мешавад ва ба шахсони гунаҳкор ҷазои маъмурӣ дода мешаванд”, - афзуд Худоёрзода.

Ин тавсияи вазири нақлиёт дар ҳолест, ки худи ӯ низ ҳадафи қонуншикании ронандаҳои мусофирбар дар Душанбе қарор гирифтааст.

Фируза Хафизова - Sputnik Тоҷикистон
Видеои рақсу суруд дар зодрӯзи Фирӯза Ҳафизова, суд ва суҳбати муфаттиш аз қонуншиканӣ

Худоёр Худоёрзода қаблан зимни як ҳамоиш нақл кард, ки шахсан худи ӯро низ ронандаи “тангем”-е дағалона аз мошинаш берун карда буд. Ӯ зикр намуд, ки 8 сол ба ҳайси муовини вазири нақлиёт кор кард ва рӯзҳои шанбе, якшанбе аз хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебурд.

"Рӯзе савор шудам, то гардиши микрорайони 33 маро бурд. Он ҷо дар нақлиёт танҳо мондам, ки ба ронанда занг заданд. Баъд ӯ ба ман гуфт, ки фаро ман бояд баргардам. Гуфтам, чӣ хел фароям, бояд маро то охир барӣ. Оқибат маро фуровард, ман номери тангемро гирифтам, рӯзи дигар хадамоти давлатии назорат он ронандаро ба утоқи кориям оварданд, ки меларзид. Гуфт, ман гумон накардам, ки муовини вазир ҳам ба тангем савор мешавад. Посух додам, ки ман ҳамчун муовини вазир не, ҳамчун шаҳрванд савори нақлиёти ҷамъиятӣ шудам. Иҷозатномаи он мардро гирифтанд, хеле гиряю нола кард”, - изҳор дошта буд вазири нақлиёт зимни як мулоқот бо рӯзноманигорон.

Лентаи хабарҳо
0