Нахустин “Шаби афкор” дар сафорати Фаронса

Бори нахуст дар пойтахти Тоҷикистон шоми 31 январи соли равон дар қароргоҳи Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон “Шаби афкор” баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Сафорати Фаронса дар Душанбе бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон “Шаби афкор”  баргузор менамояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанг.

Бино бар иттилои манбаъ, “Шаби афкор” бо ибтикори Сафорати Фаронса ва маркази фарҳангии Бохтар ташкил гардида, дар он намояндагони санъат ва фарҳанг, адабиёт, фаъолони ҷамъияти шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳо иштирок намуданд. 

Встреча главы парламента Таджикистана с главой межпарламентской группы дружбы Франции и ЦА  Французского парламента  - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Тоҷикистону Фаронса аз амнияти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ҳозиринро хайрамақдам гуфта, дар бораи таърихи пайдоиши “Шаби афкор” нақл кард. “Шаби афкор” ташаббуси донишгоҳи фаронсафӣ буда, соли чорум инҷониб дар Фаронса ва сафоратҳои ин кишвар дар дигар давлатҳо гузаронида мешавад.

“Мақсади баргузории он табодули афкор байни давлатҳо ва фарҳангҳои мухталиф, баррасии масоили мубрами соҳаҳои гуногуни ҳаёт мебошад”, таъкид намудааст манбаъ. 

Мавзӯи “Шаби афкор” ҳар сол тағйир меёбад. Мавзӯе, ки соли ҷорӣ барои баррасӣ интихоб гардидааст, “Рӯ ба имрӯз” буда, дар Душанбе ин мавзуъро аз нигоҳи нақш ва иштироки занҳо дар санъат ва баробарии онҳо бо мардон мавриди муҳокима қарор доданд. 

Мубодилаи афкор дар гуруҳҳои алоҳида бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, фаронсавӣ ва англисӣ сурат гирифт. 

Иштирокчиёни “Шаби афкор” инчунин аз тамошои филмҳои кӯтоҳ ва намоиши мусаввараҳо оид ба мавзӯи интихобгардида баҳра бардоштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала