Аз қумандони афғон таълим гирифту ба ДОИШ пайваст: шарҳи додситонӣ аз "ҷиҳод"-и Рустамҷон

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Менгатов Рустамҷон, як шаҳрванди Тоҷикистонро додгоҳи ноҳияи Панҷ ба шаш соли зиндон маҳкум кардааст. Ба иттилои Додситонии кулл Рустамҷон хатмкардаи мадрасаи исломӣ буда, барои идомаи таҳсилоти динӣ ба Афғонистон рафтааст ва ҳангоми муҳоҷират дар Русия бо мақсади "ҷиҳод" ба ДОИШ пайвастааст

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт ва зиндони як сокини ноҳияи Панҷ - Рустамҷон Менгатовро, ки шомили гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) будааст, шарҳ додааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ хатмкардаи мадрасаи исломии шаҳри Бохтар буда, сипас ба Афғонистон ғайриқонунӣ сафар кардааст.

"Ӯ онҷо дар суроғаи истиқоматии “Акбар” ном қумондон аз истифодаи яроқи оташфишон ва тайёрии ҷангӣ таълим гирифта, дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияти экстремиста манъ карда шудааст, барои иштирок намудан, қасдан даст ба ҷиноят задааст", - менависад додситонии кулл.

Менгатов аз соли 2001 то соли 2015 дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ будааст.

"Сипас аз шаҳри Москва 18 марта соли 2015 ба Туркия назди хешовандонаш рафта, дар онҷо бо рафиқи туркаш бо номи Аҳмад ва ду нафари дигар зиндагӣ мекунад. Онҳо бо тариқи пинҳонӣ ба ташкилоти террористию экстремистии "ДОИШ" шомил шуда, шаҳрвандони Туркияро барои муқобили қувваҳои давлатии Сурия ҷангидан даъват менамоянд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

15 апрели соли 2017  Менгатов аз Туркия тариқи  Русия ба Тоҷикистон омада, боз дафъатан мақсади ба Сурия рафтану ба қавли худ ҷиҳод намуданро намудааст. Ӯ моҳҳои май - июни соли 2017 дар хонаи шаҳрванд Қурбонов Назирҷон Конович воқеъ дар ноҳияи Панҷ барои ба Сурия рафтан ташкилоти террористӣ-экстремистии ДОИШ- ро таргиб кардааст.

 Нисбат ба Рустамҷон Менгатов бо аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 3073 қисми 2 Кодексӣ ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда шуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонида шуд. Бо ҳукми суди ноҳияи Панҷ Р.М. Менгатов ба мӯҳлати 6 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Лентаи хабарҳо
0