Аҳмадзода дар машварати кории навбатӣ чӣ гуфт?

Обуна шудан
Аҳмадзода масъулинро вазифадор кардааст, ки фаъолияташонро дар ҷоннок кардани соҳаи саноат дар вилоят ҷоннок карда, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва ба ин восита афзун сохтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд

ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд аз баргузории машварати навбатии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, дар он роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту идораҳои вилоятӣ машварати кории назди Раиси вилояти Суғд иштирок карданд.

Дар ин нишаст Аҳмадзода пеш аз ҳама масъулинро вазифадор кардааст, ки фаъолияташонро дар ҷоннок кардани соҳаи саноат дар вилоят ҷоннок карда, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва ба ин восита афзун сохтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Дар рафти машварат муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар, муовинони Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ ва Анвар Яъқубӣ оид ба вазъи соҳаҳои саноат, маорифу тандурустӣ ва ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.

Сипас, Раиси вилоят ҷиҳати тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, сари вақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, захира намудани тухмии картошка ва чигити аълосифат, рушди шолипарвариву моҳипарварӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ, гармхонаҳои замонавӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, таъмири роҳҳои автомобилгард дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

Лентаи хабарҳо
0