Аудиторон дар муассисаҳои вазорати фарҳанг 164 ҳазор зарари молиявӣ ошкор карданд

© © Sputnik / Амир ИсаевМинистр культуры Таджикистан Орумбекзода Шамсиддин, архивное фото
Министр культуры Таджикистан Орумбекзода Шамсиддин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аудиторон 27 муассисаҳои вазорати фарҳанги Тоҷикистонро санҷиш намуда дар он ба андозаи 164 ҳазор сомони зарари молиявӣ ошкор намуданд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik.  Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон кард, ки аудиторон зимни санҷиши муассисаҳои вазорат ба маблағи 164 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд.

Министерство культуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шаш мансаби холии давлатӣ дар Вазорати фарҳанг: маош аз 696 сомонӣ

Ба гуфтаи вазир аудиторон санҷишҳои молиявиро дар 27 муассисаҳои фарҳангӣ анҷом доданд.

“Санҷишҳо дар 5 муассасҳои театрӣ, 11 нашрия, ду музей, 5 муассисаи таълимии фарҳангӣ, ду муассисаи консертӣ, як ташкилоти илмӣ ва китобхона сурат гирифт”, - гуфт Орумбекзода.

Орумбекзода таъкид намуд, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии мазкур, пушиши андоз, изофи нишон додани музди меҳнат ва сафарҳои хизматӣ, аз худ намудани маблағҳои буҷети ва ғайра ошкор шуд.

Ба гуфтаи вай аз 164 ҳазор сомонӣ зарари ошкоршуда, 120 ҳазор сомонӣ алакай ба буҷа баргардонида шуд ва 40 ҳазор сомонии боқимонда инчунин ба буҷаи кишвар баргардонида мешавад.    

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала