Ҳайвони камхарҷу сермаҳсул: афзоиши саршумори қутосҳо дар Тоҷикистон

Абдуласан Мамадасанов, сардори раёсати кишоварзии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мегӯяд, қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад буда, талабот ба гӯшту шири қутос рӯзафзун аст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ба иттилои Мамадасанов ширу гӯшти қутос аз нигоҳи экологӣ тозатарин буда, талабот ба он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон афзоиш меёбад.

Рустам Эмомали на заседании - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши Рустами Эмомалӣ: чаро гӯшт дар нархномаҳо 40 сомонию вақти фурӯш 42-45?

Соли 2009 Ҳукумати ҷумҳурӣ барои  рушди қутоспарварӣ  қарори махсус  ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он ҳамасола барои рушди ин соҳа 200 ҳазор сомонӣ ва давоми панҷ сол 3 миллиону 950 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли Мамадасанов.

Манбаъ афзуд, ки то 1 январи соли равон танҳо дар хоҷагиҳои қутоспарварии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саршумори қутос ба 24 ҳазору 11 сар расид, ки 19 ҳазори он дар чарогоҳҳои баландкӯҳи ноҳияи Мурғоб парвариш меёбанд.

“Афзоиши саршумори қутос нархи ширу гӯшти онро дар як сатҳ нигоҳ дошт. Агар нархи як кило гӯшти ин навъи ҳайвон дар кишвари ҳамсоя - Қирғизистон 45-48 сомонӣ бошад, пас дар бозори шаҳри Хоруғ он 34 сомонӣ мебошад”, - таъкид кардааст Мамадасанов.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала