Хонандаи синфи 11 дар Хуҷанд корманди ошхонаи “Ҳаниф”-ро чанд корд зад

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо ҷавони 20-солаи сокини ҳамин шаҳр муноқиша намуда ӯро чанд корд задааст

ДУШАНБЕ, 8 фев. — Sputnik. Хонандаи синфи 11 бо корманди ошхонаи “Ҳаниф”-и шаҳри Хуҷанд муноқиша намуда, бо корди ошхонагӣ ба узвҳои бадани ӯ задааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.

Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Фархор хонандаи синфи 11 марди 21-соларо се корд зад

Манбаъ афзудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 11-уми МТМУ бо гумони авбошӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 6-уми феврали соли 2019, тахминан соати 18:00-дақиқа, дар кӯчаи Озодии шаҳри Хуҷанд бо ҷавони 20-солаи сокини ҳамин шаҳр, корманди ошхонаи “Ҳаниф” муноқиша намуда, бо корди ошхонагӣ ба узвҳои бадани ӯ задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала