Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Тақдими китобҳои Эмомалӣ Раҳмон ба китобхонаҳои Бритониё

© МИД РТПосол Таджикистана в Великобритании подарил книги Эмомали Рахмона британскому Музею
Посол Таджикистана в Великобритании подарил книги Эмомали Рахмона британскому Музею   - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Бритониё бо намояндагони китобхонаи Британиё масъалаи бурсия ва баргузор намудани намоишгоҳҳои китобро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 фев - Sputnik.  Масуд Халифазода, сафири Тоҷикистон Британиё бо Роҳбари Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ Колин Бейкер ва  Роҳбари Департаменти Осиё ва Африқои Китобхонаи Британия Луиса Элена Менгони  мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Библеотека имени Лохути в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Китобхона ҳам таваҷҷӯҳ мехоҳад: китобхонаи шаҳрии Душанбе аз саховатпешагон кӯмак мепурсад

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот мавзӯҳо роҷеъ ба имконияти ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи Британия, баргузор намудани намоишгоҳҳо, ташкили сафарҳои мутақобилаи намояндагони   ниҳодҳои марбутаи ҳарду кишвар, ҷалби бурсияҳои таҳсилии он сохтор барои Тоҷикистон ва дигар мавзуҳои ҷолиби ҳамкорӣ, баррасӣ гардиданд.

Вазорати хориҷа таъкид намудааст, ки ҳамзамон, аз тарафи Сафорат китобҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба хазинаи Китобхонаи Британиё, тақдим гардиданд.

Китобхонаи Британиё дар тамоми дунё машҳур аст ва хазинаи ин китобхона аз 200 миллион нусхаи китоб ва дигар асноди иттилоотии мамолики мухталифи дунё иборат мебошад. Китобхонаи Британиё ниҳоди асосии тадқиқотӣ ба ҳисоб рафта, маводҳо бо якчанд забонҳо ва шаклҳои гуногун, ҳам чопшуда ва ҳам рақамӣ ҷой дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала