Садҳо миллион доллар: Тоҷикистон аз сармояҳои Чин розӣ аст

© Sputnik / Стас ЭтвешМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин эълон кард, ки ширкатҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон миллионҳо доллар сармоягузорӣ карданд

ДУШАНБЕ, 13 фев - Sputnik. Фаъол будани ширкатҳои Чин дар иқтисоди ҷумҳурӣ ба манфиати Тоҷикистон аст, гуфт зимни нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи кишвар.

Роҳбари вазорати хориҷаи Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҷумҳурӣ аз сармоягузориҳои Чин розӣ аст.

"Ширкатҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон садҳо миллион доллар сармоягузорӣ намуданд ва мо аз онҳо розӣ ҳастем. Сармоягузориҳои Чин ба рушди соҳаи истихроҷи маъдан, энергетика, нақлиёт ва дигар соҳаҳо равона  мешаванд", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Бурду бохти Ҳукумат ва соҳибкорон: Раҳмон ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ чӣ гуфт?

Вай илова кард, ки дар Тоҷикистон то соли 2030 стратегия рушд қабул карда  шуд. Тибқи санади мазкур ҷумҳурӣ ба рушди иқтисодиёт, аз ҷумла ба сармоягузориҳои хориҷӣ такия хоҳад кард.

Инчунин Вазири хориҷа зимни нишасти матбуотӣ дар бораи 70 дарсад коҳиш ёфтани сармоягузориҳои Русия ба Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи кумитаи сармоягузории Тоҷикистон, дар соли 2018 сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 645 миллион доллар сармоягузорӣ намуданд.

Қаблан Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, зимни баррасии буҷети Тоҷикистон аз ҷалби сусти сармоягузорӣ дар кишвар интиқод карда буд.

Вай гуфта буд, ки сармоягузорони хориҷӣ вазирону шахсони мансабдори кишварро ҷустуҷӯ мекунанд, то ки ба иқтисоди кишвар сармоягузорӣ намоянд.

Ба гуфтаи вай, имрӯз ба ҷое, ки вазирони мо сармоягузор ҷустуҷӯ кунанд, баръакс сармоягузор онҳоро меҷӯяд.

"Онҳо ба ҷое, ки сармоягузоронро даъват кунанду, замин ҷудо намоянд, илтимосу хоҳиш  кунанд, баракс сармоягузорон 10-20 рӯз ба пеши мансабдорон ё вазирон расида наметавонанд", - таъкид кард Зуҳуров.

Праздник День национального единства в городе Харог - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамоиши байналмилалӣ барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар Бадахшон

Ба гуфтаи вай,  Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорон қонунҳо қабул намудааст, супоришҳои Президент ҳаст ва ҳатто фармонҳо низ мавҷуд аст, аммо дар ҷойҳо муносибат ба сармоягузорон ва шахсоне, ки мехоҳанд дар ҷумҳурӣ кор кунанд, ба монанди 10 сол пеш аст.

"Мактубҳои сармоягузорон, ки ба вазорату идораҳо равон карда мешаванд, хоб мераванд. Мансабдорони мо нигоҳ мекунанд, ки кай соҳиби ҳамон мактуб меояду аз онҳо боз як бори дигар хабар мегирад. Мушкилот дар ҳамон ҷост", - таъкид намуд Зуҳуров.

Лентаи хабарҳо
0