Давлатзода: назорати андозҳо беҳтар гардида, 11 модули нави электронӣ фаъол мегарданд

© © Sputnik / Амир ИсаевГлава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў намудан боз 11 модули алоҳида, аз ҷумла, "Равзанаи ягона", "Бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ", "Бақайдгирии шахсони воқеӣ", "Бақайдгирии мошинҳои назорати хазинавӣ", "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул", "Бақайдгирии воситаҳои нақлиёт" ва ғайраҳо омода карда шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Соли 2018 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 100,6% таъмин гардида, ба буҷа 10 миллиарду 523,3 млн. сомонӣ ворид карда шудааст, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.   

Вывеска на здании Налогового комитета при правительстве РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Интиқоди раисиҷумҳур аз таъмин нашудани даромад аз ҳисоби 2 намуди андоз

Ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 62,6 млон. сомонӣ зиёд мебошад. Матлаби мазкурро Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён доштааст.

Зикр гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон якчанд модулҳои нави электронии хизматрасонӣ ва маъмурикунонии андоз омода гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.

Инчунин бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў намудани барномаҳои Системаи иттилоотии андоз ва ба роҳ мондани намудҳои нави хизматрасонӣ боз 11 модули алоҳида, аз ҷумла, "Равзанаи ягона", "Бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ", "Бақайдгирии шахсони воқеӣ", "Бақайдгирии мошинҳои назорати хазинавӣ", "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул", "Бақайдгирии воситаҳои нақлиёт" ва ғайраҳо омода карда шудаанд.

График - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалии андоз дар ҷои 136-ум қарор гирифтааст
Ин намуди хизматрасониҳо моҳи марти соли 2019 ба роҳ монда шуда, имконият медиҳанд, ки ташкили кор ва назорати андозҳо беҳтар карда шавад.

“Дар барномаи бақайдгирии давлатӣ “Равзанаи ягона” аз оғози соли 2018 модули нави хизматрасонӣ мавриди амал қарор дода шуд. Барномаи мазкур имконият дод, ки муроҷиаткунандагон ариза ва ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирии давлатӣ тариқи электронӣ пешниҳод намоянд”,- иброз намуд раиси Кумитаи андоз.

Ба зикри мавсуф, дар ин давра аллакай зиёда аз 4300 нафар шаҳрвандон барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ тариқи электронӣ муроҷиат намуданд. Инчунин ҷиҳати васеъ намудани истифодаи ин намуди хизматрасонӣ чораҷўӣ идома дорад.

Ҳамзамон зимни нишаст гуфта шуд, ки тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ то 1 январи  соли 2019 дар ҷумҳурӣ 315,8 ҳазор субъектҳои хоҷагидори амалкунанда мавҷуд мебошанд, ки нисбат ба 1 январи соли 2018  14 ҳазору 580 адад зиёд аст.

Лентаи хабарҳо
0