ВУД: Шарофиддин Гадоев пушаймон ва ихтиёран ба мақомоти Тоҷикистон таслим шуд

© SputnikСтраница Шарофиддина Гадоева в Facebook
Страница Шарофиддина Гадоева в Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, Шарофиддин Гадоев, ки яке аз мухолифини Ҳукумати феълӣ муаррифӣ мешуд, ихтиёран ба Ватан баргашта, ба мақомот таслим шудааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, имрӯз 15 феврали соли 2019, соати 07:00, Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, санаи таваллудаш 19.05.1985, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ихтиёран ба идораи милиса дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳозир шудааст. 

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Гадоев дигар генерал нест: Раҳимзода гуфт, ӯ гурехту амволаш гирифта шуд

Ба иттилои ВУД, Гадоев изҳор дошт, ки “ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам”.

Гадоев, ки ба иттилои мақомот дар шаҳри Эиндховени шоҳигарии Ҳоланд зиндагӣ мекард, хостааст дар Ватан ба аъмоли ӯ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

“Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”, - иттилоъ додаст ВУД аз қавли Гадоев.

ВУД аз қавли Гадоев афзудааст, дигар нафароне низ, ки дар кофтукоб қарор доранд, барои ободии Ватан ихтиёран баргарданд.

Саҳифаи Шарофиддин Гадоев дар Facebook - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарии “Гурӯҳи 24”-ро Шарофиддин Гадоев ба ӯҳда гирифт

“Гадоев аз соли 2012 бо моддаҳои 289  қисми 1 (Қочоқ) ва 340 қисми 2 (Сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дошт”, - омадааст дар иттилояи ВУД.

Шарофиддин Гадоев аз ёрони Умаралӣ Қувватов, таъсисдиҳандаи созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” ва яке аз фаъолони созмонҳои мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ мешуд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала