Миралиён доктори илмҳои сиёсӣ шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан, архивное фото
Здание парламента Республики Таджикистан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, вакили парлумони Тоҷикистон, бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди раисиҷумҳур аз 31 январи соли 2019 доктори илмҳои сиёсӣ шуд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, Миралиён рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Вижагиҳо ва технологияҳои рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 6 июли соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳимоя карда буд.

Нуриддин Саидзода - Sputnik Тоҷикистон
Далели писари вазири маориф алайҳи “Диссернет”: дуздӣ нест, кодексҳо монанданд

“Рисолаи илмии мазкур аз 11 навовариҳои илмӣ – назарияҳо ва технологияҳо дар самти рушди устувори сиёсати ҷавонон ва фаъолгардонии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир иборат буда, татбиқи онҳо метавонад дар амалисозии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла дар ҷараёни ниҳодисозӣ ва ислоҳоти низоми идоракунии соҳаи мазкур ва ба ин васила рушди асосҳои демократии Тоҷикистон мусоидат намояд”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои сомонаи парлумон, Миралиён аз октябри соли 2001, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, ба Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму техника сарфароз гардонида шудааст.

 Ӯ 1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала