Хостгорӣ, “ҷум ҷаҳе”, қафассозӣ, килоғузғуз, салла: 529 пешниҳоди Тоҷикистон ба ЮНЕСКО

© © Sputnik / Амир ИсаевДети поздравляют жителей c праздником Иди Курбон в Душанбе
Дети поздравляют жителей c праздником Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон феҳристи 529 намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷикро ба ЮНЕСКО, ниҳоди маърифатии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Шариф Комилзода, мудири Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, нусхаи аввалини “Феҳристи миллии мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик”, ки соли 2013 тартиб ёфт, 48 унсурро дар бар мегирифт. Вай афзуд, Конвенсияи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО тақозо мекунад, ки ин феҳрист бояд мунтазам таҷдид шавад ва соли 2014 теъдоди унсурҳои фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба 286, соли 2016 ба 515 ва ниҳоят соли 2018 ба 533 адад такмил ёфт.

Ифтихорномаи вазири Фарҳанг ба Шашмақомсароёни кишвар  - Sputnik Тоҷикистон
Шашмақомсароёни кишвар аз сӯи вазири фарҳанг қадрдонӣ шуданд

Конвенсияи ҳифзи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО (Созмони маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид) соли 2003 қабул ва соли 2006 вориди амал шуд. То ба ҳол 178 кишваро ин Конвенсияро таъйид ва тасвиб кардаанд. Ҳадафи Конвенсия сабт ва нигаҳдории фарҳанги ғайримоддии башарият, аз қабили анъанаи шифоҳӣ, ҳунари иҷроӣ, ҷашну маросим, расму одат, касбу ҳунари мардумӣ, хӯроки миллӣ, варзиши суннатӣ ва бозиҳо аст. То ба ҳол 504 унсури фарҳангҳои миллии кишварҳои ҷаҳон дар чаҳорчӯби ин Конвенсия ба Феҳристи намояндагии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудаанд.

Тоҷикистон соли 2010 ба ин Конвенсия ворид шуд, аммо ҳанӯз соли 2008 муштарак бо Ӯзбекистон “Шашмақом” – ро вориди Феҳристи намояндагии ЮНЕСКО кард. Соли 2016 “Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон” ва худи ҳамон сол ҳамроҳ бо Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ироқ, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ҳиндустон ҷашни “Наврӯз” ва соли 2018 “Чакан – ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро вориди ин Феҳрист намуд.

Аловуддин Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Таъиноти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг: Аловиддин Абдуллоев мансаби нав гирифт

Ҳоло Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон феҳристи боз 529 намунаи мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистонро дар ихтиёри ЮНЕСКО қарор додааст. Ин феҳрист ба шумули 4 унсури сабтшуда дар ЮНЕСКО, 533 намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷикро дар 7 бахш муаррифӣ мекунад.

Дар бахши анъанаи шифоҳӣ 29 унсур, аз қабили афсона, алла, ашӯла, байт, булбулик, гӯрғулӣ, даргилик, рубоӣ, дуо, қасам, латифа, майда, марсия, муаммо, масал, саломнома, себайта, суруд, тезгӯяк, устура, чистон, аския, базла ва ғайра муаррифӣ шудаанд, ки намунаҳое аз жанрҳои адабӣ дар фолклори мардуми Тоҷикистон вуҷуд доранд.

Бахши ҳунарҳои иҷроӣ 103 унсур, аз ҷумла аспакбозӣ, бобопирак, рақси остин, “ҷум ҷаҳе”, анварча, полкаи хуҷандӣ, рақси уфар, рақс бо кӯза, гиждала, лапар, муғулбозӣ ва дигар намунаҳои санъати иҷроии мардуми тоҷикро дарбар мегирад.

Хошим Гадо. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазири фарҳанг ба дидорбинии Ҳошим Гадо рафт

Бахши ҷашну маросимҳо 47 унсур, назири арӯсбарон, никоҳ, иди арӯсон, чароғравшан, сафедигирон, фотиҳатӯй, хостгорӣ, меҳргон, сада, хатнасур, бибӣ мушкилкушо, хоксалом, чил, сари сол, иди қурбон, идгардак, оши наҳор, гаҳворабандон, иди рамазон, килоғузғуз, чилла ва ғайраро муаррифӣ мекунад.

Бахши расму одатҳо ва таҷрибаҳои иҷтимоӣ аз 20 унсур, монанди гаштак, мизоҷшиносӣ, кирмакпарварӣ, мевахушконӣ, занбӯрпарварӣ, хирманкӯбӣ, моҳидорӣ, ниҳолпайвандкунӣ, тақвимҳои халқӣ, ченакҳои халқӣ, ширнавбат, шикор, ҳашар, айлоқ, мӯйбофӣ иборат аст.

Касбу ҳунарҳои мардумӣ 105 унсур, минҷумла алочабофӣ, заргарӣ, кандакорӣ, кулолӣ, мисгарӣ, намадрезӣ, сандуқсозӣ, сартарошӣ, тоқидӯзӣ, наддофӣ, гӯрканӣ, қамчинбофӣ, майкашӣ, абрбандӣ, адрасбофӣ, аъҷубасозӣ, дӯғкашӣ, қафассозӣ, чакдонсозӣ, рағзабофӣ, шиғбандӣ, ҷелакдӯзӣ, ҷамолакбофӣ ва ғайраро дарбар гирифтааст.

Бахши бузургтарин хӯрокҳои миллӣ аст, ки 147 номгӯйро ба муаррифӣ мегирад, аз ҷумла атола, бат, суманак, чагалдак, гӯшткаду, каллапоча, чанголӣ, ғӯлунгоб, кабоби токӣ, дамлама, ширкаду, ширчой, чолоб, бичак, кадулафка, орзуқ, талқон, дӯлма, дангича, кочӣ, ревиҷ, тухмбашир, тарғафа, қоракулча, ҳалиса, яхнӣ, шаҳлут, модел, мошоба, пиёздоғак, тарҳавло, кӯзакабоб, юпқача, хонума, рубич, нош-хухпа, хоч-харво, гунгина, чалпак, думшӯрбо, айрон ва ғайра.

Рейд милиции в педагогическом университете  - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши Вазорати фарҳанг ба ВУД: милисаҳо дар рейд омӯзгорону донишҷӯёнро таҳқир карданд

Дар бахши варзиши суннатӣ ва бозиҳои бачагона 82 унсур зикр шудаанд, аз қабили аккабозӣ, “ана боғ”, арғунчак, “аҷириқ ба дандон”, байтбарак, бақабозӣ, бандкашӣ, “бедона парид”, “бузи танагирак”, буҷулбозӣ, ваҷабпарак, гачабозӣ, чавгони пиёда, гургбозӣ, гӯшмолак, донакбозӣ, талақ, тути кал, тухмбозӣ, харкашак, хола-хола, хурӯсҷанг, “ҷав чанд ман?”, шавкурук, яклинга, “чумчуқ ё лайлак?”, гурбабозӣ, “кӣ ҷаллод?”, офтобмаҳтоб ва ғайра.

Бо феҳристи комили 529 намунаи фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ва шарҳи онҳо метавонед бо зер кардани ин пайванд шинос шавед.

Ҳукумати Тоҷикистон муаррифии фарҳангу тамаддуни қадимаи тоҷиконро яке аз самтҳои калидии сиёсати хориҷии худ мешуморад. Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии ахираш ворид шудани “Чакан – ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башариятро яке аз дастовардҳои фарҳангии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ унвон карда, гуфт, идомаи ин иқдоми нек барои муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад ва мақомоти зидахл ҳадафмандона дар ин ҷода талош хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала