Курси такмили ихтисос барои кормандони соҳаи варзиш

© AP / Aaron FavilaТаджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото
Таджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш то 2 марти соли 2019 идома ёфта, дар охир ба иштирокчиён сертификат супорида мешавад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik.  Рӯзи 18 феврал  дар Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” курси нахустини такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш оғоз гардид, ки дар он директорони мактабҳои варзишии ҷумҳурӣ аз шаҳри Душанбе, ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ  иштирок мекунанд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

В Туркменистане 5 Азиатские игры 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур ба варзишкорон ва мураббиён 94 худраву пул тақдим кард

 “Барои рушду инкишофи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани сатҳи касбияти мураббиёну масъулини соҳа, машқу тамрин ва азхуднамоии усулҳои нави варзиш дар Тоҷикистон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст”, - зимни боздид аз ҷараёни баргузории курси такмили ихтисоси мазкур иброз доштааст Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода.

Соли 2018 варзишгарони тоҷик дар 146 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат намуданд.

“Мутобиқ намудани варзишгарон ба меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарону мураббиён ва иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳадафҳои олии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мебошад",- зикр намуд Аҳтам Абдуллозода.

Курси такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш то 2 марти соли 2019 идома ёфта, дар охир ба иштирокчиён сертификат супорида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар зарфи 27 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ барои кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш чунин марказ вуҷуд надошт.

Муассисаи давлатии “Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” 31 июли соли 2018 таъсис дода шудааст. Он барои рушди соҳаи варзиш, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва мутобиқ гардонидани мураббиён ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

Лентаи хабарҳо
0