Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ таҷдиди роҳи Бохтар –Данғара –Кӯлобро баррасӣ доранд

Вазъи роҳи Бохтар –Данғара –Кӯлоб имрӯзҳо дар ҳолати хуб қарор надорад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik.  Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи сармоягузории лоиҳаи бозсозии роҳи мошингарди Бохтар –Данғара –Кӯлобро баррасӣ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Бозсозии роҳи Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон
Дарвоз: се таркиш дар як рӯз ва бозсозии 375 метр роҳ

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти кишвар барои бозсозии роҳи   155,1 миллион доллар лозим аст.

Таъкид шудааст, ки вазъи имрӯзаи роҳ ба талабот ҷавобгӯ набудааст. Дар роҳ ҳоло чуқуриву вайрониҳо дида мешавад.

Инчунин вайрониҳову чуқуриҳо тақрибан дар тамоми роҳ ба назар мерасад.

Ёдрас мешавем, ки пештар баъзе аз қитъаҳои роҳро БОР маблағгузорӣ карда буд.

Инчунин, дар моҳи январи соли равон ар Душанбе сохтмони роҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш –марзи Қирғизистон баррасӣ шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони роҳҳоро пешниҳод карда, сипас чораҳои маблағгузории лоиҳаро баррасӣ намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала