Домод дар САҲШ беҳуш шуд: амали арӯс хашми тамошобинонро барангехт - видео

Домод зимни бастани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҳуш рафт. Вокуниши арӯс дар ин ҳолат хашми корбарони интернетро барангехт

Нашри навори азҳушравии домод дар интернет, интиқоди зиёд аз амали арӯсро дар пай дошт.

Бар асоси навор, домод, ки дар ҳолати ҳаяҷон қарор дошт, аз ҳуш меравад ва ба фарш меафтад. Дар ҳоле ки дӯстону хешовандон ба кӯмаки домод мешитобанд, арӯси ҳайрон худро канор мегирад.

Бархе аз корбарон ба домод маслиҳат додаанд, ки аз ин қазия хулоса барорад, чун ба гуфтаи онҳо “агар ӯ дар зиндагӣ афтад, ҳамсараш худро аз ӯ канор мегирад”.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала