Роҳбандии даҳрӯза дар маркази Душанбе ва ифтитоҳи хатсайри нави автобусҳо

© Фото : Сайт города ДушанбеРустам Эмомали на открытии новой автобусной остановки, архивное фото
Рустам Эмомали на открытии новой автобусной остановки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт хатсайри нави ҳаракати автобусҳоро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тибқи иттилои шаҳрдорӣ, шурӯъ аз 25-уми феврали соли 2019 хатсайри нави автобусии №29 дар самти Беморхонаи Қарияи боло - маҳаллаи Пахтакор роҳандозӣ мешавад, ки аз хиёбону кӯчаҳои А.Сино, С. Шерозӣ, Н. Қарабоев, Шестопалов ва Борбад мегузарад.

Инчунин шаҳрдорӣ қарор кардааст, ки дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Карамов аз 24 феврал то 5 марти соли 2019 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ муваққатан қатъ карда мешавад.

Манбаъ ин маҳдудиятро ба сохтмону азнавсозии селпартои кӯчаи Карамов рабт додааст.

Шаҳрдорӣ аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузошташударо риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала