Узви ҳайати нав мешавад: шарҳи хориҷшавии Абдуллозода аз ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллозода Исматулло, раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
 Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллозода Исматулло, раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе далели аз ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хориҷ шудани Исматулло Абдуллозода, раҳбари фурудгоҳи байналмилалии пойтахтро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ҳусейнова гуфт, азбаски соҳаи авиатсия аз сохтори Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷудо шуд, раиси фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ аз ҳайати мушовараи Вазорат хориҷ карда шуд.

Ифтитоҳи толори нави қабули меҳмонони расмӣ дар фурудгоҳи Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумат раиси фурудгоҳи Душанберо аз ҳайати мушовара хориҷ кард

Сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе афзуд, дар назар аст, ки Абдуллозода ба ҳайати мушовараи Ожонси авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон шомил гардад.

Маврид ба зикр аст, ки 14 моҳи қабл Ҳукумат масоили авиатсияи гражданиро аз сохтори Вазорати нақлиёт берун карда, моҳи декабри соли 2017 Ожонси алоҳидаи авиатсияи граждании назди Ҳукумат таъсис дода буд.   Моҳи равон Ҳукумат бо қабули як қарор Исматулло Абдуллозодаро аз ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт хориҷ намуд.

Бар асоси ин қарор, Бобоева Нуринисо Темурована узви нави ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёт қабул гардидааст. Бобоева қаблан раёсати иттифоқи касабаи кормандони соҳаи нақлиёт ва роҳбарии  фаъолияти ҳизби ҳокими ҲХДТ-ро дар ин бахш ба уҳда дошт.

Абдуллозода аз моҳи январи соли 2016 роҳбарии Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо ба зимма дорад. Ӯ дар ин мақом Рустам Холиқовро иваз намуда буд, ки бо дастури раисиҷумҳур барканор гардид.

Лентаи хабарҳо
0