Писари Бег Зуҳуров дар мусобиқаи байналмилалӣ медали биринҷӣ гирифт-Навор

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкБокс, архивное фото
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшонқул Шопоков дар Бишкек сазовори 4 медал, аз ҷумла 2 медали тилло шуд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik.  Сиёвуш Зуҳуров, писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшонқул Шопоков дар Бишкек дар вазни +91 кг сазовори соҳиби медали биринҷӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи олимпии Тоҷикистон.  

Бино бар иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур, Шоира Зулқайнарова дар вазни 64 кг миёни бонувон, пас аз ғалаба бар намояндаи Тайланд С. Судапарн ва Баҳодур Усмонов дар вазни 63 кг миёни мардҳо, пас аз пирӯзӣ бар варзишгари Белорус Дмитрий Асанов медали тилло ба даст оварданд.

Инчунин, Идимоҳ Холова дар вазни 69 кг миёни бонувон дар марҳилаи ниҳоӣ аз Шаҳноза Юнусоваи узбекистонӣ мағлуб шуда, соҳиби медали нуқра гардид.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Дуйшонқул Шопоков дар Бишкек 10 варзишкори тоҷик иштирок намуд.

Дар ин мусобиқа наздики 200 варзишгар аз кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тайланд ва Тоҷикистон барои 13 маҷмӯи медалҳо рақобат карданд.

Лентаи хабарҳо
0