“Амонатбонк” ва “АСБ Беларусбанк” ҳамкориҳоро тақвият мебахшанд

© Sputnik / Амир ИсаевВозле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото
Возле главного офиса Амонатбанка в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зимни мулоқоти раиси “Амонатбонк” ва раиси “АСБ Беларусбанк” -и Белорус тақвияти ҳамкориҳои бонкӣ баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ахиран Икромӣ Сироҷиддин Салом, раиси тозатаъйини “Амонатбонк” зимни иштирок дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Саняи Чин бо  Виктор Ананич, раиси “АСБ Беларусбанк”, мулоқот намуд. 

Дар ин бора дафтари матбуоти БДА Тоҷикистон “Амонатбон” хабар додааст.

Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: таъини раисони “Тоҷик Эйр”, “Амонатбонк” ва мансаби писари Убайдуллоев

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масъалаи такмили ихтисос ва  мубодилаи таҷрибаи кории кормандони бонкҳо, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ва мустаҳакам гардонидани робитаҳо дар самти масъалаҳои молиявӣ ва бонкро баррасӣ намуданд. 

Инчунин манбаъ таъкид намудааст, ки ҳамкориҳо барои сармоягузории  лоиҳаҳои саноатию кишоварзӣ дар Тоҷикистон бо  ҷалби сармояи мустақими “АСБ Беларусбанк” ин пеш аз ҳама дастгирии соҳибкории хурду миёна ва саҳмгузорӣ дар густариши савдои молу маҳсулоти тарафҳо хоҳад буд. 

 “Амонатбонк” ва “АСБ Беларусбанк” ҳамчун бокҳои аъзо ва нозири ИББ СҲШ буда, тасмим гирифтанд, ки дар кутоҳтарин муддат иҷрои масъалаҳои дар вохӯрӣ баррасишударо, амалӣ намоянд. 

Дар охир мулоқот тарафҳо изҳор доштанд, ки лоиҳаи Созишнома доир ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ба таври матлуб татбиқ шуда, барои ба имзо расонидан пешниҳод хоҳад шуд, ки омили муҳими рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0