Ҷигараш пора шуда буд: яке аз коргарони сохтмони масҷиди нави Душанбе даргузашт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСтроительство главной соборной мечети города Душанбе и Исламского института Таджикистана
Строительство главной соборной мечети города Душанбе и Исламского института Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мард, ки 25 феврал аз баландии 60 метр афтида буд, ду рӯзи ахир дар ҳоалати вазнин қарор доштааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи Душанбе яке аз коргароне, ки ҳангоми сохтмони бинои масҷиди нави марказӣ афтида буд, ба ҳалокат расид.

Ӯ пас аз ин фоҷиа дар ҳолати вазнин қарор доштааст.

"Яке аз коргароне, ки ҳангоми корҳои сохтмонӣ дар бинои масҷди нави марказии Душанбе афтида буд ва дар ҳолати вазнин қарор дошт, даргузашт. Вақти афтидан ҷигари бемор пора шудааст. Ӯ ба ҳуш наомада, даргузашт. Сохтмончии дувум, ки то ҳол дар шӯъбаи эҳё қарор дорад, вазъаш беҳтар мешавад", - гуфтааст яке аз пизишкон.

Раиси вилоят барои шодбошии мардум бо иди Қурбон ба масҷид рафт - Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилоят ба масҷид рафта, намозгузоронро бо иди Қурбон шодбош гуфт

Вай афзудааст, ки вазъи шаш нафари дигар хуб аст.

Ёдрас мешавем, 25 феврал ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар боми гунбази бинои нави масҷиди марказӣ дар шаҳри Душанбе 9 коргар аз баландии 60 метр ба замин афтодаанд.

Ҳангоми кор зинапояи зери пои ин коргарон шикастааст ва коргарон аз баландии 60 метр ба замин сарозер шудаанд.

Ба гуфтаи вай як нафар аз афтидагон баъди ёрии аввалин бо хоҳиши худ дар беморхона монданро инкор кардааст.

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар кӯчаи Низомии Ганҷавӣдар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад.

Сохтмони ин масҷиди бузург ҳанӯз моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам, асосгузори мазҳаби Ҳанафия, ки аксари сокинони Тоҷикистон пайрави ҳамин мазҳабанд, оғоз ёфта буд. Соли 2009 дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам низ эълон шуда буд.

Тарҳи масҷидро меъморони Тоҷикистону Қатар омода кардаанд ва он аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва гумбази 47 метра иборат хоҳад буд.

Барои бунёди ин масҷид, ки бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд, дар умум беш аз 100 миллион доллар сарф мешавад, ки беш аз 70 миллион долларашро Қатар медиҳад.

Ҳамчунин дар паҳлуи масҷид бинои нави Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар майдони қариб 3 гектар барои 1500 толибилм қомат хоҳад афрохт. Бинои донишкада аз 7 қабат ва 5 қисм ё блок иборат хоҳад буд. Барои сохтмони Донишкадаи исломӣ ҳукумат 136 миллион сомонӣ, ё қариб 15 миллион доллар ҷудо кардааст. Санги асоси сохтмони онро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 майи соли 2018 гузошт.

Лентаи хабарҳо
0