Писари Зебо Аминзода даргузашт

Обуна шудан
Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар дода, изҳори таслият баён кардааст

ДУШАНБЕ, 01 мар — Sputnik. Писари ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, устоди рақси тоҷик Зебо Аминзода даргузаштааст.

Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорат ба ҳунарманд изҳори ҳамдардӣ кардааст.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба Ҳунарпешаи халқии СССР Зебо Аминзода нисбати даргузашти писараш изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба аҳлу пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд", - омадааст дар изҳори таслият.

Зебо Муҳиддиновна Аминзода – раққоса ва балетмейстери тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1980), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1986). 3 октябри 1948 дар Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи хореографии Маскав дар назди Театри калони ИҶШС, Мактаби олии рақсу хореографияи Тошканд ва Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд.

Солҳои 1965 – 1978 - ҳунарпешаи Театри мусиқиву драмаи ба номи А. Пушкин.
Солҳои 1978 – 1993- роҳбарии бадеӣ ва сарбалетмейстери ансамбли рақсии "Зебо"-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон.

Ансамбли ӯ тайи якчанд сол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон: Афғонистон, Булғория, Англия, Люксембург, Белгия, Шотландия, Чехословакия, Непал, Тунис, Япония, Испания, Ҳиндустон ва ғайра ҳунармандӣ кардааст. Ансамбли мазкур барандаи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли 1986 роҳбарии он унвони фахрии Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС-ро касб кардааст.

Солҳои 1993 – 1996 – раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ширкати байналмилалии радио ва телевизиони "Мир", солҳои 1996 – 2003 – мушовири ШБРТ "Мир", баъд мушовири Кумитаи иқтисодии байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии ИДМ.

Соли 2012 ба ватан баргашт ва дар Хуҷанд мактаби рақсии худро таъсис дод.
Соли 2014 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ансамбли рақсии «Зебо» ба Душанбе омад.
Аминзода соҳиби се фарзанд - писар буд, ки яке аз онҳо даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0