“Навори бозгашт”-и Шарофиддин Гадоев ба Аврупо – видео

© © Sputnik / Амир ИсаевШарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шарофиддин Гадоев, яке аз мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон, ки гуфта мешуд, ихтиёран ба Ватан баргашт, шаби 2-юми март боз ба Аврупо рафтааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Корбари шабакаҳои иҷтимоӣ, бо номи Рашид Рашидиён навори бозгашти Шарофиддин Гадоев ба Аврупоро нашр кардааст, ки дар он гусели Гадоев аз сӯи наздикон дар фурудгоҳ, гузаштан аз расмиёт ва нишастанаш дар саҳни ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” сабт шудааст. Намояндагони мухолифин дар хориҷ низ расидани Гадоевро ба Аврупо тасдиқ карданд.

Қаблан ВУД Тоҷикистон хабар дода буд, ки 15 феврали соли 2019, соати 07:00, Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, санаи таваллудаш 19.05.1985, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ихтиёран ба идораи милиса дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳозир шудааст. 

Ба иттилои ВУД, Гадоев изҳор дошт, ки “ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам”.

Гадоев низ дар чанд навори нашркардаи мақомот ба бозгашти ихтиёрияш ба Ватан таъкид мекард, аммо дар навори дигаре, ки қабл аз сафар ба Русия сабт шудааст, ӯ мегӯяд, ки ихтиёран ба Ватан барнамегардад.

Гадоев дар Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки фаъолияти сиёсияшро аз дохил идома медиҳад.

Чархиши нав дар қазия дар ҳолест, ки расман мақомоти Тоҷикистон ва Гадоев то ҳол бозгашт ба Аврупоро шарҳ надодаанд.

Лентаи хабарҳо
0