Ёдгор Файзов узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб гардид

© саҳифаи фейсбукии мақомоти иҷроияи ВМКБЁдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдгор Файзовро бо гирифтани аксарияти овозҳои вакилон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов  аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии ВМКБ  №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, иттилоъ додааст ожонси “Ховар”.

Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Дигар иҷрокунанда нест: Файзов Ёдгор Доёрович раиси ВМКБ интихоб шуд - акс

Дар ин росто, масъалаҳои бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1  дар ҷаласае, ки имрӯз дар Душанбе таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтиёр Худоёрзода  доир гардид, баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа зикр шуд, ки  дар ҳавзаи мазкур интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда баргузор гардид.

Дар ин росто Ёдгор  Файзовро бо гирифтани аксарияти овозҳои вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.  

 

Лентаи хабарҳо
0