Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар ба аёдати собиқадори меҳнат Ҳамроҳхон Тоҳирова рафт

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиГлава Согдийской области в канун праздника Дня Матери посетил героя труда Хамроххон Тахирова
Глава Согдийской области в канун праздника Дня Матери посетил героя труда Хамроххон Тахирова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба назди собиқадори меҳнат Ҳамроҳхон Тоҳирова рафта, ӯро ба зодрӯзаш табрик кард

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар ба манзили шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат Ҳамроҳхон Тоҳирова рафта, мавсуфро бо 95 солагиаш табрик кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати Оқил Оқилов рафт - Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати Оқил Оқилов рафт

Бино бар иттилои манбаъ, раиси вилоят Ҳамроҳхон Тоҳироваро аз номи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар ва бо 95 солагиаш табрик гуфта, қайд намуд, ки давлату Ҳукумат бо чунин занони матинирода, фарзона ва фазилатпешаи дуогӯйи миллат ифтихор мекунад.

Собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳирова аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, миннатдории худро баён кард.

“Мавсуф зимни суҳбат бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар барои шукуфоии бештари Тоҷикистон таманниёти худро иброз дошт”, таъкид намудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки Ҳамроҳхон Тоҳирова Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буда, дорандаи орденҳои "Ленин" ва “Ситораи Сурх” мебошад.

Лентаи хабарҳо
0