Қаноатмандии раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷопон аз ҳамкориҳо бо Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкРукопожатие, архивное фото
Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷонибҳо оид ба фаъолият ва нақшаву стратегияҳои сохторҳои давлатии Ҷопон дар самти туризм мубодилаи афкор намуда, хоҳони тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт гардиданд

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дирӯз, 5 марти соли равон ҳайати Парлумони Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷопон бо Раиси палатаи поёнии Парлумони ин кишвар Тадаморӣ Ошима, намояндагони Вазорати муҳити зист, Агентии сайёҳии Вазорати замин, зерсохтор, нақлиёт ва туризм, инчунин Вазорати корҳои хориҷии ин мамлакат мулоқот намуданд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати Парлумони Тоҷикистон ба Япония сафар намуд

“Тадаморӣ Ошима аз вазъи кунунии ҳамкории байнипарлумони Тоҷикистону Ҷопон изҳори қаноатмандӣ намуда, сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба кишвараш дар тавсеаи равобит ва таҳкими дӯстии парламентҳо ва мардумони ду мамлакат муҳим арзиёбӣ намуд”, - гуфтааст котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари ҳайати Парлумони Тоҷикистон Олим Салимзода таъсиси марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аз ҷумла Маркази Япония оид ба рушди инсонӣ дар Тоҷикистонро муҳим ва  дарёфти қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистонро мувофиқи мақсад шуморид.

Ҷонибҳо оид ба фаъолият ва нақшаву стратегияҳои сохторҳои давлатии Япония дар самти туризм мубодилаи афкор намуда, хоҳони тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт гардиданд.

Инчунин дар ин рӯз ҳайати Парлумони Тоҷикистон  бо доираи васеи ҳамватанон, ки дар Япония ба кор, таҳсил ва дарёфти унвонҳои илмӣ машғуланд, суҳбат анҷом дод.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати Парлумони Тоҷикистон  раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония —раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуғаффор Раҳмонзода, Ҳоким Холиқзода, Гулбаҳор Назирӣ ва Гулбаҳор Ашурзода шомиланд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0