Ожонси обуҳавошиносӣ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ кард

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкЗонт с надписью "Я люблю дождь"
Зонт с надписью Я люблю дождь - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ожонси обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе минтақаҳо боронро пешгӯӣ кард

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 18-23 то 28- 33 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад, хабар додааст “Ховар” аз қавли Ожонси обуҳавошиносӣ.

Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори КҲФ аз хатари тарма дар роҳҳои Тоҷикистон

Дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст.   Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шабона дар баландии 2200 метр барфи шадид меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кўҳӣ борон ва барф борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона 2+7 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барк ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0