Дар вилояти Суғд 6 ҳазору 733 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд

Обуна шудан
Ахиран дар Қасри Арбоб бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии дар ҳамоиши бахшида ба Рӯзи Модар таъкид кардааст, ки аз 1 миллиону 315 ҳазор нафар занону духтарони вилоят 6 ҳазору 733 нафари онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1267 нафар дар мақомоти давлатӣ фаъолият мекунанд.

Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери - Sputnik Тоҷикистон
Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.

Инчунин раиси вилояти Суғд зимни суханронӣ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир аз ҳисоби занон 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 1 нафар раиси шаҳр, 15 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо буда, 18 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 99 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 543 нафар вакили ҷамоатҳо интихоб гардидаанд.

“Боиси ифтихор аст, ки дар вилоят 6 нафар зан соҳиби унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, 236 нафар қаҳрамонмодар, 561 нафар дорандаи ордену медалҳо, 153 нафар барандаи унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 51 нафар дорандаи медали “Хизмати шоиста”, 139 нафар варзишгари номвар ҳастанд, ки аз иштироки фаъоли занон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шаҳодат медиҳад”, - таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Инчунин вай хабар дод, ки дар соҳаи маориф 24 ҳазору 653 нафар занон кор мекунанд, ки аз онҳо 699 нафарашон Аълочии маорифи Тоҷикистон мебошанд.

Глава Согдийской области в канун праздника Дня Матери посетил героя труда Хамроххон Тахирова - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар ба аёдати собиқадори меҳнат Ҳамроҳхон Тоҳирова рафт

Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, саҳми устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз ҳисоби занон, ки дар тарбияи маънавию ташаккули зеҳнии ҷомеа нақши намоён доранд, шоистаи таҳсин аст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 20 нафар доктори илм ва 308 нафар номзади илм аз ҳисоби бонувон фаъолият доранд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҳисоби бонувон теъдоди кормандони соҳаи тиб низ афзоиш ёфтааст.

Ҳоло дар вилояти Суғд зиёда аз 70 фоизи мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббиро занон ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои тандурустии вилоят 16 нафар занони дорои унвони номзади илмҳои тиб фаъолият мебаранд. Аз 603 нафар роҳбарони муассисаҳои тиббии вилоят 159 нафар занон мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0