Исми сафири нави Эрон дар Тоҷикистон маълум шуд

© SputnikФлаги Ирана и Таджикистана, архивное фото
Флаги Ирана и Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафири нав рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меравад ва ба кори худ шурӯъ мекунад

ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон исми сафири нави кишвар дар Тоҷикистонро бозгӯӣ кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Форс" иттилоъ медиҳад.

Қосимӣ дар сӯҳбат бо хабаргзорӣ гуфтааст, "Муҳаммадтақӣ Собирӣ, муовини умури идорӣ ва молии Вазорати корҳои хориҷии Эрон, сафири он кишвар дар Тоҷикистон таъйин шуд".

Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров ба сафири Эрон: Шумо он чи ки метавонистед, барои тавсеаи дӯстӣ анҷом додед

Ба гуфтаи сухангӯи вазорат, сафири нав ба наздикӣ ба Тоҷикистон сафар ва ба кори худ шурӯъ хоҳад кард.

Пештар маълум шуда буд, ки ваколати сафири ҳамакнун пешини Эрон дар Тоҷикистон, Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ ба анҷом расид.

Пештар Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ  дар поёни маъмурияти худ ва ба манзури худоҳофизӣ бо Шукурҷон Зуҳуров раиси  маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот намуда буд.

Дар ин дидор тарафҳо дар хусуси вазъияти равобити дуҷониба ва тақвияти он ба вижа роҷеъ ба ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар табодули назар карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала