Донишмандони Ҳарвард сабаби таваҷҷуҳи зиёди тоҷикистониён ба дину Худоро таҳқиқ карданд

© © Sputnik / Амир ИсаевПраздничная молитва в праздник Иди Курбон в Душанбе
Праздничная молитва в праздник Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷозеф Ҳенрих, мудири кафедраи биологияи эволютсионӣ ва инсони донишгоҳи Ҳарвард таваҷҷуҳи зиёди тоҷикистониён ба дин ва Худоро таҳқиқ карда, онро пайомади ҷанги шаҳрвандӣ донистааст

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Ҳарвард, пажуҳиши Ҳенрих дар маҷаллаи “Nature Human Behavior” нашр шуда, бар асоси он афроде, ки ҷангро дидаанд, ё бар асари он наздиконро аз даст додаанд, бештар ба дин моиланд ва маросими диниро иҷро мекунанд.

Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане Ёдгор Файзов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Намоз бо ҷамоат, пиёда ба кор: 6 хислати хоси раиси ВМКБ дар 5 моҳи роҳбарӣ - акс

Ин пажуҳишгар афзудааст, ки чунин таъсир метавонад занҷираи сарбаста дар пай дошта бошад ва мисол овардааст, ки агар нафаре зери таъсири ҷанг диндори ашадӣ шуду, мавқеи гуруҳҳои дигарро танг кунад, боз метавонад даргирӣ дар пай дошта бошад.

Ҳенрих ва шарикони байналмилалияш 1700 суҳбатро, ки дар 71 деҳоти Тоҷикистон, Серра Леоне ва Уганда гузаронда шудаанд, таҳлил карда, муайян намудаанд, онҳое, ки зери таъсири ҷанг қарор доштаанд, нисбати сокинони дигар аз 12 то 41 дарсад бештар диндор шудаанд.

Таҷлили иди Қурбон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Намоз, кӯдакон ва идгардак: таҷлили иди Қурбон дар Тоҷикистон (АКС)

Ӯ афзудааст, ки таъсири давомдори ҷанг ба диндории мардум махсусан дар Тоҷикистон баръало намоён мегардад.

Ҳенрих зикр кардааст, ки ҷангҳо ва пайомадҳои он дар сиёсат ва иҷтимоъ таъсири худро доранд ва таъкид намудааст, ки агар дар марҳилаи баъдиҷангӣ Ҳукумат алайҳи ифротигароии динӣ аз зӯроварию фишор кор бигирад, ин амал вазъро танҳо бадтар хоҳад кард.  Ӯ хатарро дар таъсири ин амалҳо ба вазъи равонии мардум гуфтааст.

Лентаи хабарҳо
0