Заминҷунбӣ Роғунро такон дод

CC BY-SA 3.0 / Yamaguchi先生 / Сейсмограф. Архивное фото
Сейсмограф. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази зилзила 80 км шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 4 км дуртар аз шаҳри Роғун будааст

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Имрӯз, соати 13:44 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон замин такон хӯрд, иттилоъ додааст  Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар истинод ба идораи зилзиласанҷии кишвар.

Бино бар иттилои манбаъ, маркази заминларза 80 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 4 километр дуртар  аз шаҳри Роғун мебошад.

Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Заминҷунбӣ дар Мурғоб Душанберо низ ларзонд

Шиддати зилзила дар марказаш 3 балл, дар шаҳри Роғун 2-3 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи  заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ  ба қайд гирифта    нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки 20 феврали соли равон дар Тоҷикистон дар давоми даҳ дақиқа ду заминҷунбӣ ба миён омада буд.

Бино бар иттилои Хадамоти геофизикии Академияи улуми Тоҷикистон, дар наздикии шаҳри Ваҳдат ду заминҷунбӣ дар соати 6:25 ва 6:35 ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки маркази заминҷунбӣ 22 ва 19  километри ҷанубу шарқи пойтахт дар минтақаи Ваҳдат сурат гирифта буд.

Шиддати аввалин заминҷунбӣ  3 балро ташкиллл медод, аммо шиддати дувуми заминҷунбӣ сахттар буд ва тақрибан 4 балро ташкил медод.

Шиддати заминҷунбӣ дар Душанбе 2-3 балла ва 3-4 балро ташкил медод.

Лентаи хабарҳо
0