Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳибкорони маҳаллиро ба ҳамкорӣ даъват кард

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо соҳибкорони маҳалӣ масъалаҳои марбут ба фазои дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини ҷойҳои нави кориро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik.  Ахиран дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло бо соҳибкорон доир ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур масъалаҳои марбут ба фазои дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ доир ба бунёди инфрасохтори соҳа ва ба ин васила таъмини ҷойҳои нави корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

В аптеке в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон ду ҳазору 850 кило доруҳои муҳлатгузашта ошкор ва нобуд карда шуд

Раиси ноҳия зимни мулоқот қайд кард, ки дар нозироти андози ноҳия дар ҳоли ҳозир 4260 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 1623 нафар ба воситаи патент, 194 нафар ба воситаи Шаҳодатномаи иҷозати фаъолияти соҳибкорӣ ва 2637 нафар дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамчун соҳибкорони инфиродӣ фаъолият менамоянд.

дар ҳамин ҳол, дар вохӯрӣ соҳибкорон дар бораи дастраснамудани қарзҳои имтиёзнок, саҳмгузорӣ барои таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон пешниҳод ва дархостҳои худро иброз намуданд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрӣ аз байн бурдани мушкилоти соҳибкорон ҷиҳати сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва саҳмгузорӣ дар ҷашнҳои умумимиллӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0