Дар Душанбе яке аз дафтарҳои СММ ифтитоҳ мешавад

© Flickr \ Steve CadmanЗдание ООН. Архивное фото
Здание ООН. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
UNOPS қаблан дар Тоҷикистон таҳти ҳимояти RRDP – Барномаи бозсозӣ ва эҳёи UNDP фаъолият карда буд. Акнун UNOPS ба Тоҷикистон ҳамчун сохтори мустақилл аз UNDP бозмегардад ва сабтиноми расмӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Мудирияти хидматрасонӣ ба тарҳҳои Созмони милали муттаҳид (UNOPS) хостори гушойиши дафтари осиёмарказии худ дар Душанбе мебошад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Давронбек Аҳмадбеков, ҳамоҳангсози UNOPS дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар дидор бо Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи ҶТ гуфт, “Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи мушовирон барои ҷазби тарҳҳову барномаҳои нав ба Тоҷикистон кор мекунанд. Бо пешниҳоди мо тасмими гушойиши дафтари минтақаии осиёмарказӣ дар Душанбе гирифта шуд”.

Ҳамоҳангсоз таъкид кард, ки UNOPS қаблан дар Тоҷикистон таҳти ҳимояти RRDP – Барномаи бозсозӣ ва эҳёи UNDP фаъолият карда буд. Акнун UNOPS ба Тоҷикистон ҳамчун сохтори мустақилл аз UNDP бозмегардад ва сабтиноми расмӣ мешавад.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот таҷрубаҳо босамари UNOPS дар кишварҳои дигар ва имконоти корбурди ин таҷоруб дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Раиси УБС дар дидор фаъолияти утоқ ва самтҳои аввалиятии рушди иқтисоди Тоҷикистонро баён кард.

Лентаи хабарҳо
0