Тоҳирҷон Муминов мақоми нав гирифт

© Сомонаи Федератсияи футболи ТоҷикистонТоҳирҷон Муминов, сармураббии нави тими “Истаравшан” таъин шуд
Тоҳирҷон Муминов, сармураббии нави тими “Истаравшан” таъин шуд - Sputnik Тоҷикистон
Тоҳирҷон Муминов, сармураббии нави тими “Истаравшан” таъин шуд

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон аз қавли Асрор Шоҳраҷабов, мудири бошгоҳи “Истаравшан” хабар дод.

Полузащитник душанбинского Истиклола Эхсони Панджшанбе был признан лучшим футболистом Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
ФФТ беҳтаринҳои футбол дар соли 2018-ро эълон кард

Шоҳраҷабов мегӯяд, Тоҳирҷон Муминов барои кор дар мақоми сармураббии тими Истаравшан то охири соли ҷорӣ созишнома имзо кард.  

Муминови 48-сола дар гузашта нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон буд. Ӯ тайи ду соли охир тими шаҳри Душанбе – ЦСКА “Помир”-ро роҳбарӣ мекард ва дастаи мазкур таҳти роҳнамоии ӯ соли 2017 медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистонро ба даст овард.

Тоҳирҷон Муминов дар мақоми сармураббии “Истаравшан” сабқати нахустинашро бо тими “Панҷшер” дар даври аввали қаҳрамонии Тоҷикистон - 2019 мегузаронад. Мавсими нави сабқатҳо дар Лигаи олии Тоҷикистон 6-7 апрел оғоз мегардад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала