Афтидани кӯҳпораи 6-ҳазорметрӣ ба шоҳроҳи Рӯшон-Бартанг ва баста шудани роҳ

© AP / NIKOLAS GIAKOUMIDISКамнепад, архивное фото
Камнепад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми кӯҳпора баробар ба 6,5 ҳазор метри куббиро ташкил медиҳад. Дар баробари банд кардани роҳи мошингард сангҳои бузург болои дарёи Бартанг рехта дар суръати баланд шудани сатҳи оби дарёи мазкур дар фасли тобистон эҳтимоли шуста шудани ин масир ба миён ояд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Тӯли як ҳафта аст, ки роҳи сатҳи ҷумҳуриявии Рӯшон-Бартанг бинобар сабаби афтодани кӯҳпораи азим дар километри 32-юми ин ҷода баста шуда, рафтуомади нақлиётӣ банд гардид.

Тавре "Ховар" дар истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноҳияи Рӯшон ва дигар минтақаҳои вилоят, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода маводи сӯзишворӣ алакай дастрас карда шуд.

Роҳсозон дар ин қисмати роҳ ба таври шабонарӯзӣ заҳмат кашида, бо дастгирии масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати пайвастаи  Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта мекӯшанд, ки ин ҷодаро дар кӯтоҳтарин муддат боз созанд.

"Тибқи ҳисобҳои пешакии мутахассисони Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ ҳаҷми кӯҳпора баробар ба 6,5 ҳазор метри  куббиро ташкил медиҳад, ки барои роҳсозон мушкилоти зиёдро эҷод кард. Дар баробари банд кардани роҳи мошингард сангҳои бузург болои дарёи Бартанг рехта дар суръати баланд шудани сатҳи оби дарёи мазкур дар фасли тобистон эҳтимоли шуста шудани ин масир ба миён ояд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дорожная техника расчищает автомобильную дорогу от лавины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сангрезиш ва барфи шадид: роҳҳои Душанбе-Хоруғ ва Душанбе-Хуҷанд масдуд мемонанд

Мавриди зикр аст, ки роҳи водии Бартанг яке аз ҷодаҳои мушкилгузар ва хатарзо  ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар фаслҳои зимистону тобистон боиси банд шудани ин ҷода дар ҳудуди вилоят мегардад. Аз маркази ноҳияи Рӯшон то дурдастарин ҷамоати деҳоти номбурда наздик ба 200 километр роҳ мавҷуд аст, ки дар фаслҳои сол бинобар сабаби боришоти зиёди барфу борон ин қисмати роҳ муддати тӯлонӣ баста мемонад.

Бо супориши раиси ВМКБ Ёдгор Файзов гуруҳи корӣ аз ҳисоби масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, аз ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табии аз наздик шинос гардиданд.

Дар маҳалли ҳодиса  панҷ техникаи пуриқтидори роҳсозӣ аз ду тарафи роҳ ба тоза кардани ин роҳ масруфи кор мебошанд. Бинобар сабаби ҳаҷман калон будани кӯҳпора, корҳои пармагарию таркишӣ бо суръат идома дошта, баъди гузаронидани корҳои таркишӣ роҳсозон ба тоза кардани он машғул мешаванд.

Зеро аҳолии 8 ҳазор нафари ҷамоатҳои деҳоти Бартанг, Савноб, Басиди ноҳияи Рӯшон тавассути ин роҳ молу колои худро аз маркази ноҳияи Рӯшон ба макони зисти худ интиқол медиҳанд, ки дар суръати тул кашидани корҳои роҳсозӣ мушкилоти сокинон боз ҳам бештар хоҳад шуд.

Бошандагони ин водии касногузари вилояти Бадахшон аслан ба чорводорӣ машғул буда, аз ин ҳисоб сатҳи зиндагии худро пеш мебаранд. Ҷидду ҷаҳди пайвастаи роҳсозон бар он нигаронида шудааст, ки то ҷашни Наврӯзи аҷам рафту омади сокинони ин водиро таъмин  намоянд.

Лентаи хабарҳо
0