Тоҷикистон ба Покистон трактор содир мекунад

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешМеждународная торговая ярмарка "Сугд-2018" в Худжанде
Международная торговая ярмарка Сугд-2018 в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пеш аз ин 8 трактори тавлидшуда дар ин корхона ба Узбакистон содир шудааст

ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз тавофуқ бо Покистон барои содироти тракторҳои тавлидшуда дар корхонаи муштараки ин кишвар ва Белорус ба Исломобод хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, дар нахустин марҳала 12 трактори тавлидшуда дар корхонаи монтажи тракторҳои Беларус, дар маркази ноҳияи Ҳисор ба Покистон содир хоҳад шуд.

Ниҳод таъкид кардаанд, ки дар соли 2019 тавлиди анбуҳи тракторҳои “Беларус – 80” ва “Беларус – 82” дар ин корхона роҳандозӣ хоҳад шуд ва заминаи истифодаи дохилӣ ва содироти он ба Узбакистон, Афғонистон ва Покистон вуҷуд дорад.

Президенты Таджикистана Эмомали Рахмон и Беларуси Александр Лукашенко запустили вторую очередь СП ЗАО Агротехсервис - Sputnik Тоҷикистон
Лукашенко дар Ҳисор ба Раҳмон трактор ҳадя кард

Пеш аз ин 8 трактори тавлидшуда дар ин корхона ба Узбакистон содир шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар моҳи сентябри соли 2018 дар миркази ноҳияи Ҳисор марҳалаи дувуми корхонаи монтажи тракторҳои Беларус ба баҳрабардорӣ расид, ки аз зарфияти тавлиди ҳазору 700 дастгоҳ дар сол бархурдор мебошад. Таҷҳизоти насбшуда дар ин корхона имкони тавлиди тракторҳои “Беларус  -80” ва “Беларус – 82” - ро фароҳам месозад, ки ба тадриҷ ба зарфияти арзаи як ҳазору 700 трактор дар сол хоҳад расид. Дар соли 2018 дар ин корхона наздик ба 100 дастгоҳ трактор ва дигар таҷҳизоти мавриди ниёзи бахши кишоварзии Тоҷикистон тавлид шудааст.

Аз сӯйи дигар, бахши кишоварзии Тоҷикистон ба иллати куҳнаву фарсуда шудани мошинҳои кишоварзӣ ба шиддат ба навсозии таҷҳизот ниёз дорад, ки бо роҳандозии корхонаи монтажи тракторҳои Беларус дар шаҳраки Ҳисор, заминаи ҳалли ин мушкил фароҳам хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0