Ёқубҷон Назиров дар Русия соҳиби медали биринҷӣ шуд

© Фото : Кумитаи олимпии ТоҷикистонЁқубҷон Назиров
Ёқубҷон Назиров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷудочии тоҷик Ёқубҷон Назиров, ки чанде боз дар Русия машқу тамрин мекунад, дар сабқати навбатӣ ширкат кард

ДУШАНБЕ, 16 мар – Sputnik. Дар Екатеринбург сабқати ҷудочиёни ҷавони то 23 сола баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа ҷудочии тоҷик Ёқубҷон Назиров ҳам ҳунарнамоӣ карда, дар вазни то 90 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Ҳамин тавр, боз яке аз ҷудочии комёби тоҷик Ёқубон Назиров фаъолияти варзишиашро дар Русия идома медиҳад.

Бояд қайд кард, ки Назиров чанде пеш дар ҳайати ҷудочиёни Тоҷикистон аз фаъолтарин варзишкор ва ширкаткунандаи сабқатҳои байналмиллалӣ шуд.

Дзюдо,архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Пирӯзии Ёқубҷон Назиров дар Ҷоми Урупо

Ҳамин тавр дар сабқати Ҷоми Осиё миёни наврасон, ки дар Чирчики Узбакистон баргузор шуд, Назиров барандаи медали нуқра гардид. Дар Ҷоми кушоди Урупо бошад, ки дар шаҳри Твери Русия гузашт, дастае, ки Назиров дар ҳайати он қарор дошт, соҳиби медали тилло шуд, ки дорандаи он Ёқубҷон Назиров буд.

Дар баробари ин дар сабқати Ҷоми Урупо, ки дар Анталияи Туркия баргузор шуд, Назиров дар вазни то 81 кило соҳиби медали тилло шуд.

Пас аз чунин дастовардҳо, ӯ ба Федератсияи Русия сафар кард. Акнун Назиров дар ҳайати ҷудочиёни Русия машқу тамрин мекунад. Ин варзишкор дар мактаби захираи олимпии Екатеринбург фаъолият дорад.

Лентаи хабарҳо
0