Мардона: зане дар Амрико дар 9 дақиқа шаш фарзанд таваллуд кард

CC0 / Pixabay / Младенец, архивное фото
Младенец, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ИМА зане аз соати 4:50 бо вақти маҳаллӣ таваллудкуниро сар карду аллакай соати 4:59 озод шуд.

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зане дар давоми нӯҳ дақиқа шаш фарзанд ба дунё овард. Дар ин бора нашриёти Hindustantimes хабар медиҳад.

Ин зан-модари шаш фарзанд, аз Техас мебошад. Духтурони таваллудхонаи маҳаллӣ қайд мекунанд, ки зан таваллудкуниро аз соати 4:50 бо вақти маҳаллӣ сар кардаасту аллакай соати 4:59 озод шудааст.

Ин зани хушбахт чаҳор писар ва ду духтар таваллуд кардааст.

Дар айни замон саломатии модари ҷавон ва фарзандонаш хуб арзёбӣ мешавад. Чанд рӯзе онҳо зери назорати духтурон дар бемористон хоҳанд монд.

Духтурон қайд мекунанд, ки на ҳамаи занҳо имкони таваллуд кардани шаш фарзандро доранд.

Лентаи хабарҳо
0