ВУД: аз ҳифзи обрӯй бо баҳои 5,5 ҳазор сомонӣ то 50 га замин ба ивази 30 000 сомонӣ пора

© ERIC DRAPERТелефонный разговор
Телефонный разговор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 24-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, ки дар тамаъҷӯӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҷавони мазкур бо таҳдиди ифшо намудани маълумоти беобрӯкунанда, аз марди 46-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 5 ҳазору 500-сомониро талаб карда гирифтааст.

Девушка идет по улице. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кордкашии модари тоҷик сӯи духтари 18-солааш дар нисфи шаб

ВУД ҷузъиёти ҳодисаро шарҳ надода, афзудааст, ки феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад. Ин ниҳод қаблан аз боздошти тамаъкороне хабар дода буд, ки бо таҳдиди паҳни иттилоъ ё наворҳои маҳрамона аз туъмаҳои худ, ки аксаран занон будаанд, маблағ меситондаанд.

Мақомоти умури дохилӣ инчунин аз боздошти ҷавони дигари 29-сола, сокини шаҳри Душанбе хабар доданд, ки худро корманди Муассисаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандон маблағ мегирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла ба идораи милиса дар ноҳияи Синои пойтахт, марди 67-сола, сокини ноҳияи Шаҳринав муроҷиат кардааст, ки  моҳи июли соли 2016 ҷавони мазкур дар кӯчаи Қазоқони шаҳри Душанбе аз ӯ 30 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз ҳудуди шаҳри Турсунзода ё Ҳисор 50 гектар замини кишоварзӣ ҷудо карда медиҳад.

Муттаҳам ба ҳамин восита аз зани 44-солаи сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви пойтахт 30 ҳазор сомонӣ гирифта, 50 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ё Ҳисор ваъда кардааст, аммо то ҳол маблағҳоро барнагардондааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан ҷавони мазкур дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0