Дар Хуҷанд озмуни вилоятии “Сайри гули лола” баргузор мегардад

© Sputnik Амир ИсаевВ Душанбе пришла весна
В Душанбе пришла весна - Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Хуҷанд омодагиҳо ба озмуни вилоятии “Сайри гули лола” ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Омодагӣ ба баргузории озмуни вилоятии “Сайри гули лола” дар сатҳи зарурӣ қарор  дошта, чорабиниҳои асосии он дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят баргузор мегарданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Амри раисиҷумҳуру қарори шаҳрдорӣ барои ташкили озмуни “Сайри гули лола”

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҷараёни  озмун намоиши гуногуни лолаҳову гулҳои ороишиву ҳамешасабзи рангоранг ва ҳунарҳои эҷодии рассомону нақшкашон, гулпарварону ороишгарон, ки дар мавзӯи лола бо шаклу намудҳои гуногун офарида шудаанд, манзур мегарданд.

Ҳамзамон аз ҷониби донишҷӯёну толибилмон композитсияи адабӣ-фарҳангӣ, қироати шеъру байтбарак, бадеҳа дар васфи гули лола манзури ҳозирин мегардад.

“Ҳадафи асосии озмун густариш додани корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар шаҳру ноҳия, деҳоту маҳаллаҳо ва инчунин ташвиқу тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ ба ҳисоб рафта, дар барномаи мазкур ширкати иштирокчиён, гулпарварону дӯстдорони зебоӣ аз манотиқи гуногуни кишвар дар назар аст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Озмуни “Сайри гули лола” дар се давр —  аввал дар сатҳи маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳрак (то 18 март), давраи дуюм -даври шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ  25 март дар маркази вилоят баргузор гардида, ғолибон дар даври сеюм, яъне  ҷумҳуриявӣ, ки моҳи апрел дар пойтахти кишвар доир мегардад, иштирок менамоянд.

Озмун аз рӯи бахшҳои “Ороиши беҳтарин”, “Гулдастаи беҳтарин”, “Икебанаи беҳтарин”, “Рассоми беҳтарин” ва “Гулпарвари беҳтарин” гузаронида шуда, беҳтаринҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин, чун шумораи истифодаи ҳарчи бештари намуди гулҳо, аз ҷумла, гули лола, интихоби композитсияву дизайни ҷолиб, сифати кор ва ҳолати нашъунамо муайян карда мешаванд. Дар интиҳо ғолибони озмун бо дипломи дараҷаи 1, 2 ва 3, Сипоснома ва маблағи пулӣ аз ҳазор то се ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Гул шукуфт: Таҷлили “Сайри Лола”-и тоҷикон дар Сибир

Инчунин худи ҳамон рӯз дар назди маҷмааи  “20-солагии Истиқлолият” Фестивали таомҳои миллӣ бо иштироки ошпазони моҳиру пазандагони шириниҳои миллӣ аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор мегардад.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки ҳоло дар доираи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни вилоятии “Сайри гули лола” дар шаҳри Хуҷанд дар раванди корҳои ободонию чароғонкунӣ сафолакпӯш намудани роҳравҳо, омода намудани фаввораҳо, насби шиору овезаҳо, шинонидани қариб чор ҳазор бех дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала