Биҳишти рӯи замин: мақоми Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои хушбахту бадбахти ҷаҳон

© Amir IsaevДети сидят на траве в Душанбе, архивное фото
Дети сидят на траве в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои хушбахти ҷаҳон мақоми 74-умро гирифтааст, ки нисбати Узбакистону Қазоқистон бадтар ва дар қиёс бо Қирғизистону Туркманистон беҳтар мебошад

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Финландия соли дуюм аст, ки дар сархати кишварҳои хушбахттарин дар ҷаҳон қарор мегирад, таъкид шудааст дар гузориши “World Happiness Report”.

Бештари душанбегиҳо Эмомали Раҳмонро бонуфузтарин шахс меҳисобанд - Sputnik Тоҷикистон
Баҳои Forbes ба андоз, фасод, ҳифзи сармоягузор ва шароити соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Муаллифони пажуҳиш 156 кишвари ҷаҳонро бар асоси дарозумрӣ, дастгирии иҷтимоӣ, фасодкорӣ ва ғайра баҳоргузорӣ карда, Тоҷикистонро дар мақоми 74-ум ҷой додаанд.

Ба феҳрасти кишварҳои хушбахттарини ҷаҳон -  Дания, Норвегия, Исландия, Нидерландия, Швейтсария, Шветсия, Зеландияи нав, Канада ва Австрия шомил шудаанд.

ИМА дар мақоми 19, Олмон – 16, Бритониё – 17, Фаронса – 24 ва Арабистони Саудӣ дар зинаи 28-ум ҷой гирифтаанд. Русия дар раддабандии кишварҳои хушбахти ҷаҳон поин – аз мақоми 59 ба 68-ум рафтааст.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Узбакистон мақоми 41-ум, Қазоқистон – 60, Тоҷикистон – 74, Қирғизистон – 86 ва Турманистон ҷойи 87-ум гирифтаанд.

Миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ Литва - 42, Латвия - 53, Эстония – 55, Русия – 68, Молдова - 71, Белоруссия - 81, Озарбойҷон - 90, Арманистон - 116, Гурҷистон – 119 ва Украина дар мақоми 133 қарор доранд.

Ба феҳрасти кишварҳои бадбахти ҷаҳон Судони Ҷанубӣ – 156, Ҷумҳурии Африқои марказӣ – 155,  Афғонистон – 154, Танзания – 153, Раунда – 152, Яман – 151 ва Малавӣ бо гирифтани мақоми 150 шомил шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0